Зариф: Амрико барои музокира бояд ба тавофуқи ҳастаӣ эҳтиром бигузорад
Август 29, 2019 10:43 Asia/Dushanbe
Вазири умури хориҷаи Эрон субҳи панҷшанбе гуфт, Иёлоти муттаҳида агар бихоҳад музокира кунад бояд ба тавофуқи ҳастаӣ эҳтиром бигузорад.
Ба нақл аз ИРНО, рӯзномаи Financial Post, Муҳаммадҷаводи Зариф дар мусоҳиба бо хабарнигорон дар Куала-Лумпур пойтахти Малайзия афзуд, Вашингтон ҳамакнун даргири терроризми иқтисодӣ алайҳи Эрон аст.
Вай идома дод, агар Амрико хоҳони музокира аст бояд ибтидо ба тавофуқи ҳастаии соли 2015 эҳтиром бигузорад ва мутааҳид ба иҷрои он шавад.