Август 29, 2019 13:08 Asia/Dushanbe
  • Зариф: миллати Эрон таслими фишорҳо намешавад

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, миллаит Эрон на танҳо таслими фишорҳо намешавад, балки бо ҳамаи тавон ва иқтидор ба самти пешрафт гом бармедорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзҳои душанбе ва сешанбеи ин ҳафта ба Пекин сафар карда буд, бо ҳузур дар барномаи "Дидабони ҷаҳонӣ"  шабакаи хабариb CCTV дар бораи тавофуқи байналмиллалии БАРҶОМ гуфт, Эрон ба далелил рафторҳо ва амалкардҳои тарафҳои дигар бахусус пас аз хуруҷи Амрико аз ин тавофуқ ва таҳаммули як сол фишор бархе аз тааҳудоташро коҳиш додааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки миллати Эрон токунун аз манофеи иқтисодии БАРҶОМ нафъе набурдааст, тасреҳ кард, миллати Эрон ба оянда бисёр хушбин аст ва ба бегонагон вобаста нест ва ба таври ҷиддӣ барои пешрафт талош мекунад.

Зариф дар идома ба ҳамкории Эрон бо Чин дар мавзӯи "Ҷоддаи Абрешим" ишора кард ва гуфт, роҳи Абрешим метавонад фурсатҳои зиёде барои кишварҳо эҷод кунад ва боиси рушди иқтисодӣ, фақрзудоӣ, эҷоди таъсисоти зербиноӣ ва коҳиши ҷурмҳои фаромарзӣ шавад.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин танҳо роҳкори ҳалли буҳрони Сурияро гуфтугӯҳои сиёсӣ баршуморд ва гуфт: Эрон, Русия ва Туркия барои ҳалли буҳрон, поёни даргириҳо ва решакан кардани терроризм ҳамкории хубе бо ироаи гуфтугӯҳои сиёсӣ ва пешниҳодҳои созанда доштаанд ва дар панҷ соли гузашта ин роҳккор комилан муваффақ будааст.