Август 29, 2019 17:08 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифоъи Эрон: кор бар рӯйи моҳвораҳои таҳқиқотӣ идома дорад

Вазири дифоъ эълом кард : ин вазоратхона дар ҳоли кор бар рӯйи моҳвораҳои таҳқиқотӣ барои партоб ба фазо аст.

Амир сартип Амир Ҳотамӣ рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба изҳороти бархе расонаҳои хориҷӣ бинобар фаъолияти сойтҳои моҳвораӣ ва мушакӣ дар Эрон, гуфт: Вазорати дифоъи Эрон фаъолиятҳои таҳқиқотии худ дар бораи партоби моҳвора ва мушакро тибқи барнома анҷом медиҳад ва ин иқдомҳо, фаъолияти комилан оддӣ аст.

Вазири дифоъи Эрон бо таъкид бар идомаи фаъолиятҳои ин вазоратхона дар заминаи партоби моҳвора гуфт: имсол чор ё панҷ моҳвораи таҳқиқотӣ дар вазорати дифоъ вуҷуд дорад,ки умедворем дар замони муносиб кори онҳо бо мувафақият анҷом шавад.

Муҳаммад Ҷавод Озарии Ҷаҳримӣ вазири иртиботот ва фановарии иттилооти Эрон чанде пеш эълом карда буд, моҳвораи мухобиротии Ноҳиди 1 омодаи таҳвил ба Вазорати дифоъ аст ва ба зуди барномарезии лозим дар хусуси партоби он ба мадори замин сурат мегирад.

Моҳвораи Ноҳид моҳияти мухобиротӣ дорад ва қарор аст дар мадори 250 киллометрии замин қарор гирад.