Август 31, 2019 12:39 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Славакия ; Аврупо дар иҷроии таъаҳудоти Барҷомӣ иқдом кунад

Сафири Эрон дар Славакия, иҷроии иқдомҳои масулонатари Аврупо дар иҷроии таъаҳудоти БАРҶОМИРО хостор шуд.

Ба нақл аз ИРНА, Абдуллоҳ Мавлоӣ , сафири Эрон дар Атриш ва Славакия рӯзи ҷумъа дар дидори худоҳофизӣ бо Лукас Паризек муовини вазири умури хориҷаи Славакия дар бораи охирин вазъияти БАРҶОМ, дурнамои муносибатҳо ва ҳамкориҳои дуҷонибаи Теҳрон ва Бротислово ва таҳавулоти ғарби Осиё гуфтугу кард. Муовини вазири умури хориҷаи Славакия ҳам бо ибрози хурсандӣ аз маҷмуъа ибтикорот, дастовардҳо ва таҳавулоти мусбати робитаҳои Эрон ва Славакия  дар заминаҳои сиёсӣ,иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар давраи пас аз БАРҶОМ, аз тадовуми таъомулот ва гуфтугуҳои ду кишвар истиқбол кард. Муовини вазири умури хориҷаи Славакия ҳамчунин бо ишора ба нақш ва аҳамияти дипламатӣ дар робитаҳои байналмиллал бар ҳимояти Славакия аз БАРҶОМ таъкид кард.