Август 31, 2019 13:44 Asia/Dushanbe
  • Ғуборрубии зареҳи муттаҳари имом Ризо (а) бо ҳузури Раҳбари муаззами Инқилоб

Зареҳи муттаҳари имом Ризо (а) бо ҳузури раҳбари муъаззами Инқилоби исломӣ ғубор рубӣ шуд.

Дар остонаи фарорасидани моҳи муҳаррам ва аёми азодории имом Сусейн (а)  набераи гиромии Паёмбари ислом (с)  маросими ғуборрубии зареҳи муттаҳари ҳарами ҳазрати Али бин Мусо Алризо (а), имрӯз ( шанбе ) бо ҳузури ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҷамъе аз уламо ва ақшори мухталифи мардум дар шаҳри Машҳади муқаддас ( шимол шарқи Эрон ) баргузор шуд. Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон,Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар солҳои гузашта низ дар ин маросими маънавӣ,ки аз ҷумла барномаҳои мустамари остони Қудси Разавӣ аст, ҳузур доштаанд. Фардо ( якшанбе ) 10 шаҳривар 1398 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо якуми сентиябри 2019, аввали муҳаррами соли 1441 и ҳиҷрии қамарӣ аст. Имом Ҳусейн (а) ,ки дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбалло ба шаҳодат расиданд, бо фидокории беназири хеш дар Карбалло, дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳониён омӯхт. Имом Ҳусейн (а) дар воқеъаи Карбалло ба сироҳат таъкид карданд ; мақсуди ман, расво кардани маҳкумияти зидди исломӣ ва барпо доштани амри ба маъруф ва наҳӣ аз мункар ва истодагӣ дар баробари зулм ва ситамгарӣ аст.