Сентябр 03, 2019 19:37 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Эрон барои интиқоли донишу таҷрибаи саноатӣ ба Тоҷикистон

Сафири Эрон дар Душанбе ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бар густариши ҳамкории дуҷониба таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар дидор бо Заробиддин Файзуллоҳзода, вазири саноат ва технологияҳои нави ин кишвар бо баршумурдани бархе аз тавонмандиҳои Эрон дар ҳавзаҳои гуногуни саноат омодагии Теҳронро барои интиқоли дониш, таҷриба ва анҷоми фаъолиятҳои муштарак эълом кард. Собирӣ ҳамчунин бо ишора ба азму иродаи мақомоти олии Эрону Тоҷикистон барои густариши равобити дуҷониба вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷонибаро умедбахш тавсиф ва бар баҳрагирии ҳарчи бештар аз зарфиятҳои мавҷуд таъкид кард. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон низ ба пешрафтҳои чашмгири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаи саноатӣ ишора карда, тавсеаи ҳамкории ду кишвар ва баҳрамандӣ аз таҷрибаҳои Эронро хостор шуд.

Равобити Теҳрону Душанбе аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 бо ба расмият шинохтани истиқлоли ин кишвар аз сӯйи Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шудааст.

 

Барчасп