Рӯҳонӣ: Ихтиёроти Арабистон дар заминаи ҳаҷ номаҳдуд нест
(last modified Fri, 23 Sep 2016 13:56:04 GMT )
Сентябр 23, 2016 18:56 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ихтиёроти Арабистон дар заминаи ҳаҷ номаҳдуд нест

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, ихтиёроти Арабистон дар қиболи масъалаи зоирону ҳаҷ номаҳдуд нест ва ҳаҷ мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонон аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон панҷшанбешаб дар нишасти хабарии поёни сафари худ ба Ню-Йорк, бо ишора ба ҷилавгирии Арабистон аз ҳузури эрониён дар ҳаҷҷи имсол таъкид кард: "Ҳама бояд тавваҷуҳ дошта бошанд, ки ихтиёроти Арабистон дар қиболи масъалаи зоирон ва ҳаҷ номаҳдуд нест. Ҳаҷ мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонон асту ҳамаи мусулмонон бояд озодона ва дар чорчўби муқаррарот имкони ҳузур дар ҳаҷро дошта бошанд".

Рӯҳонӣ афзуд: "Арабистон бояд ба масъулияти худ дар ин робита амал кунад, зеро ки эҷоди мушкил барои ҳузури ҳоҷиёни бархе кишварҳо мисли Эрон ба лиҳози динӣ гуноҳе бузург, иштибоҳе сиёсӣ ва зери по гузоштани усули ҳусни ҳамҷаворӣ аст".

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба дархости амрикоиҳо барои эҷоди минтақаи "парвозмамнӯъ" дар Сурия афзуд, террористҳо аз ҳамаи таслеҳоти куштору таҳоҷумӣ бархурдоранд ва фақат ҳавопаймо надоранд ва эҷоди минтақаи "парвозмамнӯъ" дар Сурия фақат ба суди террористҳо аст.

Рӯҳонӣ решаи ҳамаи мушкилоти Сурияро терроризм донист ва гуфт: "Эрон имрӯз ба унвони як садди бузург дар баробари террористҳо, аз ҷумла терроризми ДИИШ-ӣ в Алқоида истода аст".

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар аҳамияти амният дар Ховари миёна гуфт, терроризм марзе намешиносад ва имрӯз вируси терроризм ба Аврупо, Африқо, Осиёву Амрико сироят ва ҳамаи ҷаҳонро мубтало кардааст.

Рӯҳонӣ дар бораи ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар халиҷи Форс ва мушкилоти ин ҳузур низ гуфт: "Дар халиҷи Форс ҷанге вуҷуд надорад ва агар ҳам ҷанге ҳаст, ҳамалоти ҳавоии Арабистон ба Яман аст, ки мутаасифона амрикоиҳо ба ҷойи ин ки пеши онро бигиранд, ба онон кӯмак мекунанд".