Сентябр 04, 2019 14:06 Asia/Dushanbe
  • Абӯрайҳони Берунӣ, нобиғаи бузурги эронӣ

Имрӯз 13 шаҳривар (4 сентябр) ба поси хадамоти арзандаи донишманди номии эронӣ, дар тақвими эрониён ба номи Абӯрайҳони Берунӣ номгузорӣ шудааст.

Ҷаҳон изъон дорад, ки эрониён дар таърихи тамаддун ва илми ҷаҳон аз саҳми бузурге бархӯрдоранд ва дар муқобили сохтмони Созмони Милал дар кишвари Австрия, шаҳри Вена тандиси чор ситорашинос, пизишк ва олими бузурги таърихро сохтаанд.

Аввалин тандис ба Абӯалӣ Сино , дуввумин тандис ба Абӯрайҳони Берунӣ, севвумин тандис ба Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ ва чорумин тандиси Закариёи Розӣ аст.

Абӯрайҳони Берунӣ донишманди барҷастае аст, ки дар риштаҳои гуногуни дониш, риёзӣ, география, заминшиносӣ, мардумшиносӣ, физика ва ахтаршиносӣ саромади рӯзгори худ буда ва хидматҳои арзандае ба ҷомеаи башарӣ арза кардааст.

Андозагирии чаголии 18 фулузот ва санги гаронбаҳо, андозагирии қутр ва муҳити замин, шеваи нав барои тарроҳии нақшаҳои географӣ, андозагирии фосилаи байни шаҳрҳо, пажӯҳиш дар боварҳо ва таърихи мардуми Ҳиндустон ва таҳияи феҳристи китобҳои Розӣ аз корҳои мондагори ӯст.