Ироқчӣ: Эрон дар бораи БАРҶОМ музокираи муҷаддад намекунад
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Аз назари Теҳрон ҳеҷ музокираи муҷаддаде дар хусуси БАРҶОМ сурат нахоҳад гирифт, аммо иҷрои матлуби БАРҶОМ метавонад мавзӯи гуфтугӯҳо бошад.
Ба нақл аз ИРНА, Сайид Аббоси Ароқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон, ки пас аз музокироти рӯзи душанбе дар Париж, ҳамакнун дар Словения ба сар мебарад, дар посух ба хабарнигорон гуфт: Меҳвари музокирот бо Фаронса дар хусуси наҳваи таъмини мутолибаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси фурӯши нафт ва наҳваи таъмини даромадҳои ҳосила аст.
Ароқчӣ гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон дар дар сурате ба иҷрои комили БАРҶОМ бармегардад, ки қодир ба фурӯши нафти худ ва дастрасӣ ба даромади он ба сурати комилан қобили истифода ва бидуни ҳар гуна маҳдудияте бошад ва ибтикори Фаронса дақиқан дар ҳамин замина аст.
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин, ки Аврупо мебоист аз Эрон нафт харидорӣ кунад ва ё муодили фурӯши нафтро ба сурати хатти эътиборӣ дар ихтиёри Эрон қарор диҳад тасреҳ кард: Мизони ин хатти эътиборӣ ҳудуди 15 миллиард доллар барои муддати чор моҳ, яъне то поёни соли мелодӣ аст.