Бузургтарин полоишгоҳи майеъоноти газии ҷаҳон - шоҳкори қароргоҳи “Хотамуланбиё (с)”
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i46486-Бузургтарин_полоишгоҳи_майеъоноти_газии_ҷаҳон_шоҳкори_қароргоҳи_Хотамуланбиё_(с)
Фармондеҳи қароргоҳи созандагии “Хотамуланбиё (с)” – и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, яке аз шоҳкорҳои муҳандисии қароргоҳи “Хотамуланбиё (с)” сохти бузургтарин полоишгоҳи майъоноти газии ҷаҳон аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 05, 2019 07:11 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин полоишгоҳи майеъоноти газии ҷаҳон - шоҳкори қароргоҳи “Хотамуланбиё (с)”

Фармондеҳи қароргоҳи созандагии “Хотамуланбиё (с)” – и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, яке аз шоҳкорҳои муҳандисии қароргоҳи “Хотамуланбиё (с)” сохти бузургтарин полоишгоҳи майъоноти газии ҷаҳон аст.

Саид Муҳаммад рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни сафари якрӯзаи худ ба Ардабил дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузории “Эронпресс” гуфт, сохти бузургтарин полоишгоҳи конденсати газии ҷаҳон дар Бандар Аббос аз ҷумлаи проектҳои бисёр муҳим ва таъсиргузор буда, ки дар давраи таҳрим тавассути қароргоҳи созандагии “Хотамуданбиё (с)” ба самар нишастааст.

Фармондеҳи қароргоҳи созандагии “Хотамуданбиё (с)” –и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ изҳор дошт, қароргоҳи созандагии “Хотамуданбиё (с)” як маҷмӯаи рисолатмеҳвар аст ва нерӯҳои мусаллаҳ бар асоси асли 147 –и қонуни асосӣ иҷоза доранд дар замони сулҳ дар тавсеаи зерсохтҳои Эрон фаъолият кунанд.

Фармондеҳи қароргоҳи созандагии “Хотамуданбиё (с)” гуфт, бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои золимонаи душманон зидди Эрон, на фақат фаъолиятҳои қароргоҳи созандагии “Хотамуданбиё (с)” тазъиф нашуда, балки бисёр тавсеа пайдо кардааст.

Полоишгоҳи майеъоноти газии “Ситораи халиҷи Форс” дар Бандар Аббос, ҷануби Эрон, ба унвони бузургтарин полоишгоҳи майеъоноти газии ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки рӯзона бо тавлиди 400 ҳазор бушка майеъоноти газӣ, Эронро дар масири худкифоии бензин қарор додааст.

Полоишгоҳи “Ситораи халиҷи Форс” дар шароити кунунӣ ба унвони бузургтарин таъминкунандаи бензин дар Эрон, беш аз 45 миллион литр бензин дар рӯз тавлид мекунад.