Напазируфтани ришваи Амрико барои тавқифи “Адриан Дарё” аз сӯи нохудои нафткаши Эрон
(last modified Thu, 05 Sep 2019 08:04:00 GMT )
Сентябр 05, 2019 13:04 Asia/Dushanbe
  • Напазируфтани ришваи Амрико барои тавқифи “Адриан Дарё” аз сӯи нохудои нафткаши Эрон

Нохудои нафткаши Эрон ришваи Амрико барои тавқифи “Адриан Дарё” - ро напазируфт.

Як рӯзномаи англисӣ гузориш дода, мақоми аршади Вазорати хориҷаи Амрико дар иейли ғайримаъмул аз нохудои нафткаши Эрон хоста, киштиро ба самти обҳои кишваре ҳидоят кунад, ки имкони боздошти он тавассути Амрико вуҷуд дошта бошад.

Ба гузориши “Форс”, нохудои ҳиндитабори нафткаши “Адриан Дарё” чаҳор рӯз қабл аз таҳрими ин киштӣ тавассути давлати Амрико як имейли ғайримаъмул аз Вазорати хориҷаи Амрико дарёфт кард.

Тибқи гузориши “Файнэншл Таймс”, Браян Ҳук, намояндаи вижаи давлати Амрико дар умури Эрон дар он имейл, ки 26 август барои Акилаш Кумар ирсол шуда буд, навишт: “Ман Браян Ҳук ҳастам... Барои Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико кор мекунам ва намояндаи вижаи давлати Амрико дар умури Эрон ҳастам. Хабари хуше барои Шумо дорам”.

Рӯзномаи “Файнэншл Таймс” навиштааст, хабари хуши давлати Трамп ин буд, ки нохудои нафткаши эронӣ метавонад дар ивази ҳамкорӣ бо давлати Амрико барои тавқифи киштӣ миллионҳо доллар пули нақд аз Амрико бигирад. Ҳук аз Кумар хоста, киштиро ба самти обҳои кишваре ҳидоят кунад, ки имкони тавқифи он ба ниёбат аз Амрико вуҷуд дошта бошад.

Браян Ҳук дар мусоҳиба бо “Файнэншл Таймс” гуфт, Эрон медонад, ки муваффақияти маъракаи фишори мо ба иҷрои мӯшикофонаи таҳримҳо вобастааст.

Тибқи гузориши рӯзномаи англисӣ, пешниҳоди Браян Ҳук ба Кумар дар бораи барномае мавсум ба “Ҷоиза дар ҳимоят аз иҷрои адолат” содир шуда, ки барномае барои мубориза бо “терроризм” аст.

Мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, давлати ин кишвар ахиран истифода аз ин барномаро барои зарба задан ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ оғоз ва эълом карда, дар ивази иттилооте, ки ба ихлол дар фаъолиятҳои Эрон мунҷар шавад, 15 миллион доллар ҷоиза эъто хоҳад кард.

Браян Ҳук дар имейле дигар хитоб ба нохудои “Адриан Дарё “ навиштааст: “Шумо бо ин пул метавонед ҳар ҷӯр мехоҳед зиндагӣ кунед ва зиндагии мураффаҳе дар даврони пирӣ дошта бошед. Агар ин масири осонро интихоб накунед, зиндагӣ бароятон хеле душвор хоҳад шуд”.

Баъд аз он ки нохудои киштӣ аз ҳамкорӣ бо давлати Амрико худдорӣ кард, Ҳук бо ирсоли имейле ба ӯ гуфт, ки хазонадории Амрико ӯро таҳрим кардааст.