Эрон мизбони бузургтарин рӯйдоди илмии ҷаҳон дар соли 2018
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i4654-Эрон_мизбони_бузургтарин_рӯйдоди_илмии_ҷаҳон_дар_соли_2018
Анҷумани байналмилалии Паркҳои илмӣ ва фанноварӣ бо аксарияти оро Эронро ба унвони мизбони бузургтарин рӯйдоди илмии ҷаҳон дар соли 2018 интихоб кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 23, 2016 20:09 Asia/Dushanbe

Анҷумани байналмилалии Паркҳои илмӣ ва фанноварӣ бо аксарияти оро Эронро ба унвони мизбони бузургтарин рӯйдоди илмии ҷаҳон дар соли 2018 интихоб кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ҷумҳурии исломии Эрон бо раъйи 86 дарсадии аъзои Анҷумани байналмилалии Паркҳои илмӣ ва фанноварӣ, ба мизбонии бузургтарин рӯйдоди илмии ҷаҳон дар соли 2018 интихоб шуд.

Дар маросими поёнии иҷлоси байналмилалии Паркҳои илмӣ ва фанноварӣ, ки ба мизбонии Маскав ва бо ҳузури 380 узв аз 73 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, Эрон дар рақобат бо Шветсия барои касби мизбонӣ раъйи аксариятро ба даст овард.

Ҳамкорамон Алии Доробӣ аз Маскав гузориш медиҳад: