Сентябр 07, 2019 21:04 Asia/Dushanbe
  • Сафири Венесуэла: Равобити Теҳрон - Каракас ногусастанӣ аст

Сафири Венесуэла дар Эрон гуфт, иқдомоти қаҳромези Амрико алайҳи Эрон ва Венесуэла, наметавонад дар иттиҳод миёни Теҳрон ва Каракас кӯчактарин халале эҷод кунад.

Карлос Антонио Алкалаа Кордес таъкид кард, иқдомоти якҷонибаи Амрико, ки бо ҳадафи мамониат аз пешрафти равобити Эрон ва Венесуэла сурат мегирад, муҷиб шуд то давлатҳо ва миллатҳои ду кишвар, муттаҳидтар аз гузашта, дар як ҷабҳаи воҳид алайҳи империализми Амрико қарор гиранд.

Алкала Кордес бо баёни ин ки Эрон ва Венесуэла ду қутби муҳими энержии ҷаҳон ва узви созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ҳастанд, афзуд, равобити дипломатӣ ва тиҷорӣ миёни ду кишвар ба сурати қобили таваҷҷуҳе дар ҳоли пешрафт аст ва ҳамкориҳои бисёр наздике дар заминаи табодулоти энержӣ, дифоӣ ва тиҷорӣ вуҷуд дорад.

Сафири Венесуэла дар Теҳрон бо ишора ба раванди табодули ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар, аз баргузории нишасти комиссияи фаннии Эрон ва Венесуэла дар ояндаи наздик дар Теҳрон хабар дод.

Алкалаа Кордес ҳамчунин фаъол шудани муҷаддади хатти ҳавоии мустақими Теҳрон-Каракасро гоми муҳиме дар ҷиҳати тақвияти равобити гардишгарӣ миёни ду кишвар тавсиф кард.

 

 

 

 

 

Барчасп