Вуруди сарпарасти Ожонси байналмилалии энергии атомӣ ба Теҳрон
Корнел Ферута-сарпарасти Ожонси байналмилалии энергии атомӣ бомдоди якшанбе барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон вориди Теҳрон шуд.
Ба гузориши Порстодэ, Ожонси байналмилалии энергии атомӣ пештар эълом карда буд, сафари Корнел Ферута ба Теҳрон бахше аз таомулоти мудовим миёни ожонс ва Эрон аст.
Сафари Корнел Ферута ба Теҳрон ҳамзамон бо иҷрои гоми севуми коҳиши тааҳҳудот(уҳдадориҳо)и барҷомии Ҷумҳурии исломии Эрон сурат мегирад.
Олмон, Бритониё ва Фаронса баъд аз хурӯҷи ғайриқонунии Амрико аз БарҶом (8 маи 2018) ваъда доданд бо тазмини манофеъи иқтисодии Эрон, ин тавофуқро ҳифз кунанд. Ин кишварҳо алорағми истодагиҳои лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико то кунун муваффақияте дар иқдомоти амалии ваъдадодашуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.
Ҷумҳурии исломии Эрон 8 маи 2019, як сол пас аз хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва пас аз исботи нокоромдии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни таъсироти иқтисодии хурӯҷи Амрико аз БарҶом, эълом кард, бахше аз тааҳҳудоти барҷомии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36-и ин тавофуқ муаллақ мекунад.
Эрон то кунун дар 3 гом аз тааҳҳудоти барҷомиаш костааст.
Эрон бо таъкид бар идомаи коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худ тасреҳ кардааст ин иқдомот дар сурате, ки шарикони БарҶом, гомҳои лозимро барои иҷрои тааҳҳудоти худ бардоранд ба суръат қобили бозгашт ҳастанд.
Бар асоси бандҳои 26 ва 36-и БарҶом, дар сурати пойбанд набудани тарафи муқобил ба тааҳҳудоташ, Эрон ҳақ дорад иҷрои тааҳҳудоти худро ба шакли куллӣ ё ҷузъӣ мутаваққиф кунад.