Зариф хитоб ба Помпео: Оё маънии "муттамаддин"-ро медонӣ?!
Вазири умури хориҷаи Эрон хитоб ба вазири умури хориҷаи Амрико бо баёни инки « Оё маънии "муттамаддин"-ро медонӣ?! » навишт: Оё "муттамаддин"ба маънии фиристодани паҳподҳо бар сари маросими арӯсии барои куштани афроди бегуноҳ аст?
Майк Помпео-вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба гоми севуми Эрон дар коҳиши тааҳҳудоти барҷомӣ, дар Тветтер навишт: Англис, Фаронса ва Олмон ва дар воқеъ ҳамаи миллатҳои мутамаддини дунё иқдомоти қотеъиро барои мутаваққиф кардани тамаъҳо ва зургуиҳои ҳастаии Эрон анҷом хоҳанд дод.
Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар сафҳааш дар Тветтер дар вокуниш ба ин изҳорот тасреҳ кард: Оё "муттамаддин"ба маънии дуздии дарёӣ дар дарёҳои озод аст? Шояд рехтани силоҳҳои кушанда ба минтақа барои ба роҳ андохтани ҷангҳои ғайриинсонӣ аст?
Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Ё мутамаддин, миллати ҳазоронсола аст, ки қарнҳост ба касе ҳамла накардааст?"
Зариф пеш аз ин дар тиввети дигаре бо баёни инки "Оқои Помпео, тамаъварзӣ ва зургуӣ дақиқан чист?", афзуд: "оё зургуӣ ҳамон поймолсозии қатъномаи Шӯрои амният (2231) ва муҷозоти ҳар касе аст, ки онро риоят мекунад?"
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо баёни инки "Шояд ҳам зургуӣ-гуруснагӣ додани мардуми Эрон дар сурати таслим нашудани Эрон аст?" афзуд: "Инҳо зургуӣ аст ё иқдомоти ҷубронии қонунӣ тибқи БарҶом?"
Лафзбозиҳои зиддиэронии Помпео дар ҳоле аст, ки Амрико 8-маи 2018 ба таври якҷониба аз тавофуқи ҳастаии Эрон бо кишварҳои 5+1, ки дар соли 2015 ба имзо расид, хориҷ шуд.