Сентябр 08, 2019 18:58 Asia/Dushanbe
  • Рӯзе ба номи Аббос дар Занҷон, ишқи бепоёне ба саққои дашти Карбало

Ҳазорон нафар аз иродатмандониҳазрати Ҳусейн (а) бо ҳузур дар иҷтимои бузурги Явмулаббос дар Ҳусейнияи Аъзами Занҷон ишқу иродати худро ба саққои ташнаи дашти Карбало иброз карданд.

Ин маросим, ки Явмулаббос шӯҳрат гирифта, ҳамасола асри ҳаштуми муҳаррам дар шаҳри Занҷон (ғарби Эрон) баргузор мешавад.

Даҳҳо ҳазор нафар аз иродатмандони Аҳли Байт (а) имрӯз якшанбе аз саросари Эрон ва бархе кишварҳои ҷаҳон дар дастаҳои Ҳусейнияи Аъзами Занҷон ҳузур доштанд.

Иҷтимоъ ва азодории ҳаштум ва ёздаҳуми муҳаррами занҷониҳо дар феҳристи миллии мероси маънавии Эрон ба сабт расидааст.