Баскетболи Эрон ба Олимпиадаи Токио сууд кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i46584-Баскетболи_Эрон_ба_Олимпиадаи_Токио_сууд_кард
Тими миллии баскетболи Эрон дар охирин бозии худ дар Ҷоми ҷаҳонии баскетбол муқобили Филиппин ба бартарӣ расид ва бо таваҷҷӯҳ ба шикасти Чин муқобили Нигерия, иҷозати сууд ба Олимпиадаи Токиоро касб кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 08, 2019 20:13 Asia/Dushanbe
  • Баскетболи Эрон ба Олимпиадаи Токио сууд кард

Тими миллии баскетболи Эрон дар охирин бозии худ дар Ҷоми ҷаҳонии баскетбол муқобили Филиппин ба бартарӣ расид ва бо таваҷҷӯҳ ба шикасти Чин муқобили Нигерия, иҷозати сууд ба Олимпиадаи Токиоро касб кард.

Тими миллии баскетболи Эрон дар охирин бозии худ дар Ҷоми ҷаҳонии баскетбол, ки барои касби яке аз рутбаҳои 21 ва 24 ва сууд ба Олимпиада буд, имрӯз аз соати 16:30 дақиқа ба масофи Филиппин рафт ва тавонист ин тимро бо натиҷаи 95 ба 75  мағлуб кунад.

Касби ин натиҷа бо таваҷҷӯҳ ба шикасти Чин муқобили Нигерия бо натиҷаи 86 бар 73 баскетболи Эрон барои дуввумин бор иҷозаи сууд ба Олимпиадаро аз они худ кард.

Эрон дар ин давраи мусобиқот дар баробари тимҳои Ангола ва Филиппин ба пирӯзӣ расид ва баробари тимҳои Пуэрто-Рико, Тунис ва Испания мағлуб шуда буд.