Сентябр 09, 2019 16:50 Asia/Dushanbe
  • Эрони исломӣ сиёҳпӯши азои Абоабдуллоҳ (а) дар Тосуои ҳусайнӣ

Имрӯз (душанбе) баробар бо нуҳумин рӯзи моҳи муҳаррамулҳароми соли 1441-и ҳиҷрии қамарӣ (9 сентябри 2019), рӯзи Тосуои Ҳусайнӣ аст.

Дар Тосуои Ҳусайнӣ миллионҳо ошиқи имом Ҳусайн алайҳиссалом дар саросари Эрони исломӣ бо баргузории маҷолиси азо, ёди ҳазрати АбоабдуллоҳилҲусайн (а) ва ёрони бовафои эшон, ба хусус ҳазрати АбулфазлилАббос (а) (бародари бузургавори ҳазрати имом Ҳусайн (а), аламдори дашти Карбалоро гиромӣ медоранд.

Мардуми худоҷӯ ва муъмини Эрони исломӣ бо ҳузур дар ҳусайнияҳо ва масоҷиди саросари кишвар ва ҳамчунин ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар Машҳад ва ҳазрати Маъсума (с) дар шаҳри Қум дар ҳоли азодорӣ ҳастанд.

Ҳазрати АбоабдуллоҳилҲусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар даҳуми муҳаррами соли 61 –и ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд. Бо гузашти қарнҳо аз воқеаи ҷонсӯзи Карбало ва шаҳодати имом Ҳусайн (а) ва ёрони вафодораш, на танҳо аз аҳамият ва ҷойгоҳи ин воқеа коста нашудааст, балки ҳарчӣ мегузарад, паёми Ошӯро густардатар ва ойинҳои азодорӣ бо шӯру дарки бештаре баргузор мешавад. Имом Ҳусайн (а) дар воқеаи Карбало ба сароҳат таъкид карданд: “Мақсуди ман барпо доштани амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар аст”.

Эшон бо фидокории беназир дар овардгоҳи Карбало, дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳониён омӯхтанд.