Ғарибободӣ: Гузориши ожонс баёнгари насби сонтрифюжҳои ҷадид дар Натанз аст
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена гуфт, гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ баёнгари насби сонтрифюжҳои ҷадид дар маркази таъсисоти ҳастаии Натанз аст.
Козим Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена афзуд, мудири кулли муваққати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи душанбе дар гузорише ба аъзои ожонс эълом кард, ки Эрон шанбе, ҳафтуми сентябр ба ожонс иттилоъ додааст, ки сонтрифюжҳои пешрафтаи изофиро дар корхонаи ғанисозии сӯхти Натанз насб ва онҳоро бо ураниуми табиӣ тест мекунад.
Ғарибободӣ гуфт, ҳамзамон бо сафари рӯзи гузаштаи Карнел Ферута, сарпарасти муваққати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба Теҳрон, ожонс ростозмоӣ кард, сонтрифюжи ҷадиди Эрон насб ва ё дар ҳоли насб ҳастанд.
Ба дунболи аҳдшикании Амрико дар хуруҷ аз БарҶом ва бадаҳдии аврупоиҳо дар амал ба тааҳҳудоти худ, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз рӯзи ҷумъа гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти ҳастаии худро зайли тавофуқи БарҶом ва бо истинод ба бандҳои 26 ва 35 –и ин тавофуқнома оғоз кард. Ин гом шомили чаҳор иқдом дар заминаи таҳқиқ ва тавсеаи фанноварии ҳастаӣ ва ба коргирии насли ҷадиди сонтрифюжҳо аст, ки бо иттилои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ анҷом мешавад.
Корнел Ферута, сарпарасти муваққати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи якшанбе бо ҳузур дар Созмони энержии атомии Эрон дар Теҳрон бо Алиакбари Солеҳӣ, раиси ин созмон дидор ва гуфтугӯ кард.