Эрони исломӣ дар Ошӯрои ҳусайнӣ якпорча ғарқ дар мотаму азост
(last modified Tue, 10 Sep 2019 10:29:17 GMT )
Сентябр 10, 2019 15:29 Asia/Dushanbe
  • Эрони исломӣ дар Ошӯрои ҳусайнӣ якпорча ғарқ дар мотаму азост

Дар Ошӯрои ҳусайнӣ - солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафояш, Эрони исломӣ ғарқ дар ҳузну мотам аст.

Мардуми худоҷӯ ва муъмини Эрони исломӣ дар айёми моҳи муҳаррам, ба вижа даҳуми муҳаррами Ошӯрои ҳусайнӣ, бо ҳузур дар масоҷиду ҳусайнияҳо азодорӣ мекунанд. Навҳахонӣ, синаву занҷирзанӣ ва суханронӣ дар бораи ҷойгоҳ ва шахсияти ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ҳазрати АбулфазлилАббос (а) аз барномаҳои муҳими мардуми муъмин ва азодори Эрони исломӣ аст.

Имрӯз, сешанбеи 19 –уми шаҳривар, мутобиқ бо даҳуми муҳаррамулҳароми соли 1441 –и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо даҳуми сентябри 2019, рӯзи Ошӯрои ҳусайнӣ аст.

Дар даҳуми муҳаррамулҳароми соли 61 –и ҳиҷрии қамарӣ ҳазрати имом Ҳусайн (а) ба ҳамроҳи 72 тан аз ёрони бовафояш дар Карбало, дар Ироқ ба шаҳодат расиданд.

Ҳазрати имом Ҳусайн (а) муҳимтарин ҳадаф аз қиёми Карбалоро, расво кардани ҳукумати зиддиисломии Язид, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар эълом карданд.