Фардо оғози соли таҳсилии ҷадид дар Эрон
Сентябр 23, 2016 21:06 Asia/Dushanbe
Ҳамзамон бо оғози фасли пойиз, соли таҳсилии ҷадид дар Эрон аз фардо оғоз мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, соли таҳсилӣ дар Эрон ҳар сол аз якуми меҳри шамсӣ оғоз мешавад, аммо имсол ба хотири ҳамзамонии аввали меҳр бо таътилоти поёни ҳафта, донишомӯзон бо ду рӯзи таъхир аз фардо соли таҳсилии худро оғоз мекунанд.
Бо шурӯи соли таҳсилӣ ҳудуди сенздаҳ миллиону 500 ҳазор донишомӯз дар мадориси саросари Эрон дар синфҳо ҳузур меёбанд.
Имсол як миллиону чаҳорсад ҳазор донишомӯзи синфи якум дар мадрасаҳои Эрон сабти ном кардаанд.
Дар Эрон ҳамакнун 96 ҳазор мадраса бо 538 ҳазор синфхона вуҷуд дорад.