Сентябр 10, 2019 19:23 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намози зӯҳри Ошӯро дар саросари Эрон

Азодорони ҳусайнӣ дар саросари Эрони исломӣ намози зӯҳри Ошӯроро ба ёди сарвару солори шаҳидон - ҳазрати имом Ҳусайн (а) иқома карданд.

Азодорони ҳусайнӣ имрӯз бо ҳузур дар ҳайатҳои мухталиф дар саросари Эрон, аз сооти аввалияи субҳи рӯзи Ошӯро ба азодорӣ ва сӯгворӣ барои сайиду солори шаҳидони Ҳусайн ибни Алӣ (а) пардохтанд.

Дастаҳо ва гурӯҳҳои азодорӣ дар сафҳои муназзам ва фишурда ба занҷирзанӣ, синазанӣ ва навҳахонӣ пардохтанд ва дар азову мотами сарвару солори шаҳидон ва ёрони бовафои эшон ашки мотам рехтанд.

Имрӯз, сешанбе, 19 шаҳривармоҳ, мутобиқ бо даҳумин рӯзи моҳи муҳаррами соли 1441 –и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 10 сентябри 2019, рӯзи Ошӯрои ҳусайнӣ аст.

Рӯзи даҳуми муҳаррам солрӯзи шаҳодати солори шаҳидон - ҳазрати имом Ҳусайн (а), ки дар даҳуми муҳаррами соли 61 –и ҳиҷрии қамарӣ дар Карбалои Ироқ дар синни 57 солагӣ шаҳид шуданд.