Сентябр 11, 2019 18:26 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Боқирӣ: Ҳамкории дифоии Эрон ва Чин дар ҳоли тавсеа аст

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо ишора ба ҳамкории деринаи дифоӣ ва низомии Эрон ва Чин таъкид кард, ин ҳамкорӣ ҳамонанди равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҳоли тавсеа ва густариш аст.

Сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, ки ба Пекин сафар кардааст, рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон Чинро кишваре муҳим дар ҷаҳон хонд ва афзуд, барои Эрон равобит ва ҳамкорӣ бо Чин дар абъоди мухталиф аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

 Сарлашкар Боқирӣ гуфт, равобити Эрон ва Чин аз соли 2016 ба сатҳи равобити роҳбурдӣ иртиқо ёфта ва барномаи ҷомеи тавсеаи ҳамкории ду кишвар таҳия ва мубодила шудааст.

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар бораи иллати сафари худ ба Чин низ изҳор дошт, дар ин сафар бо мақомоти чинӣ дар хусуси масоили роҳбурдӣ, фаннӣ ва низомӣ ва ҳамчунин таҳаввулоти ояндаи шарқ ва ҷануби ғарби Осиё ва таҳаввулоти ҷаҳон гуфтугӯ хоҳад шуд.

Сарлашкар Боқирӣ ҳамчунин бо ишора ба фаъолияти комиссияҳои муштараки фаннӣ, санъатӣ ва низомии Эрон ва Чин афзуд, дар ин сафар комиссияи муштараки низомии ду кишвар низ баргузор мешавад.

Сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) ба вақти маҳаллӣ дар садри як ҳайати олирутба ба манзури дидор бо мақомоти низомии чинӣ, вориди Пекин, пойтахти ин кишвар шуд.