Интиқоди Зариф аз эъломи ташдиди терроризми иқтисодии Амрико алайҳи Эрон
Вазири умури хориҷа Эрон бо интиқод аз эъломи ташдиди терроризми иқтисодии Амрико алайҳи Эрон таъкид кард, аташи ҷанг ҳам бояд ҳамроҳ бо сардастаи ҷангталабон биравад.
Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи чаҳоршанбе дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Дар ҳоле, ки ҷаҳон ба истиснои се ё ҳатто ду ҳамдасти ҳаросон, мехост аз ихроҷи коргузори сарсупурдаи табаҳкорони гурӯҳи Б дар кохи Сафед (Ҷон Болтон) нафаси роҳате бикашад, Пампео ва Мнучин ташдиди терроризми иқтисодӣ алайҳи Эронро эълом карданд.
Майк Пампео ва Стивен Мнучин, вазирони умури хориҷа ва хазонадории Амрико рӯзи гузашта (сешанбе) дар нишасти хабарии муштарак эълом карданд, Вазорати хазонадории Амрико теъдоде аз мақомоти Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро таҳрим кардааст.
Ин иқдом дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии кохи Сафедро барканор кард.
Зариф пеш аз ин эълом кард, гурӯҳе муташаккил аз Ҷон Болтон, мушовири собиқи амнияти миллии Амрико, Бенямин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди саудӣ ва Муҳаммад бин Зоид, валиаҳди Абудабӣ талош мекунанд то дар минтақа даргирии низомӣ эҷод кунанд.