Сентябр 13, 2019 00:23 Asia/Dushanbe
  • Терроризми иқтисодӣ; абзори Амрико барои водор кардани Эрон ба музокира

Аз дидгоҳи давлат, Маҷлис ва мардуми Эрон дар шароите, ки таҳримҳо боқӣ бошад, музокира бо Амрико маъно ва мафҳуме надорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон чоршанбешаб дар тамоси телефони Эммануэл Макрон, раиси Ҷумҳурии Фаронса бо таъкид бар ин нукта тасреҳ кард, ҷаласаи Эрон ва 5+1 танҳо замоне имконпазир аст, ки таҳримҳо бардошта шаванд.

Тарафҳои Аврупо дар тавофуқи БАРҶОМ медонанд, ки идомаи тааҳҳудоти БАРҶОМ барои Эрон то замоне мантиқӣ ва ақлонӣ аст, ки натоиҷи он барои Эрон мушаххас бошад; лизо ҳар гуна музокирае хориҷ аз ин чорчӯб аз назари Эрон пазируфтанӣ нест.

Амрико бо хурӯҷ аз БАРҶОМ ба унвони як тавофуқи чандҷонибаи байналмилалӣ на танҳо аз анҷоми тааҳҳудоташ тафраа рафта, балки бо ташдиди таҳримҳо талош мекунад доманаи терроризми итисодии худро густариш диҳад.

Дар тозатарин иқдоми таҳримии Майк Помпео ва Стивен Менучин, вазирони умури хориҷа ва хазонадории Амрико дар нишасти хабарии муштарак эълом карданд, Вазорати хазонадории Амрико теъдоде аз мақомоти Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро таҳрим кардааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чоршанбе дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Дар ҳоле, ки ҷаҳон ба истиснои се ё (ҳатто) ду ҳамдасти ҳаросон, дар Кохи Сафед нафаси роҳате бикашад, Помпео ва Минучин ташдиди терроризми иқтисодӣ алайҳи Эронро эълом карданд.

Амрико ҳадафи нахусти худро эъмоли фишори ҳаддиаксарӣ ба Эрон қарор дод; аммо ин сиёсат маҳкум ба шикаст аст. Эрон ҳақ дорад аз манофеи иқтисодии мавриди интизор аз БАРҶОМ баҳраманд шавад. Ҳифзи БАРҶОМ низ мубтанӣ бар асли амал ба тааҳҳудот ба сурати мутақобил аст.

Бадеҳӣ аст то замоне, ки таҳримҳои золимона ва терроризми иқтисоии давлати Амрико алайҳи мардуми Эрон идома дорад ва Амрико дар роҳи фурӯши нафти Эрон монеътарошӣ кунад, ҷои ҳеҷ сӯҳбат ва музокира нест.

Маҷиди Тахтиравонӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар ин замина бо таъкид бар ин, ки то замони вуҷуди таҳримҳо музокира мунтафӣ аст, мегӯяд: Мавзеи Эрон дар ин замина комилан равшан аст ва Амрико ҳам медонад, ки Эрон фишори ҳаддиаксариро ба ҳеҷ ваҷҳ намепазирад ва таҳримҳое, ки алайҳи мардуми Эрон шудааст, золимна медонем, ки бояд лағв шаванд.

Тахтиравонӣ тасреҳ кард: Замоне метавон дар ин бора сухан гуфт, ки таҳримҳои золимонаро бардоранд ва дар қолаби гурӯҳи 5+1 ва дар чорчӯби гуфтугӯҳое, ки аз пеш дар мавзӯи ҳастаӣ доштаем, метавон гуфтугӯ кард.