Сентябр 13, 2019 18:43 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ: Эрон хоҳони беҳтарин робита бо кишварҳои ҳамсоя аст

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон хоҳони беҳтарин робита бо кишварҳои ҳамсояи худ дар Халиҷи Форс аст ва аз пешниҳоди гуфтугӯ истиқбол мекунад.

Козими Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена афзуд: Эрон то кунун пешниҳодҳои мухталифе, аз ҷумла эҷоди "Маҷмаи гуфтугӯҳои минтақавӣ ва "Имзои муоҳадаи манъи таарруз байни кишварҳои минтақа"-ро ироа кардааст.

Ғарибободӣ афзуд: Бархе кишварҳои минтақа, бавижа Арабистон ва Иморот бақои худро дар тадовуми ихтилоф, ҷанг ва танозӯъ дар минтақа мебинанд ва барои пӯшондани заъфҳои худ, ба ҷои такя бар мардум, ба кишварҳои созандаи аслаҳа вобаста ҳастанд.

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена тасреҳ кард: Арабистон дар ҳоли тавсеа ва иҷрои як барномаи ғайришаффофи ҳастаӣ аст. Дар ҳоле, ки ин кишвар узви Паймони манъи густариши силоҳҳои атомӣ (NPT) буда ва тавофуқномаи ҷомеъ бо Ожонси байналмилалии энергияи атомӣ имзо кардааст.

 

Барчасп