Сентябр 14, 2019 12:01 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии духтарони футболисти Эрон баробари Тоҷикистон

Тими миллии футболи навҷавонони духтари Эрон дар аввалин дидор аз мусобиқоти КАФА баробари Тоҷикистон бо 4 гол ба бартарӣ расид.

Дар аввалин дидор аз мусобиқоти футболи Осиёи Марказӣ бо унвони КАФА (CAFA Cup), тими духтарони Эрон баробари Тоҷикистон ба майдон рафт ва дар поён бо натиҷаи 4 бар сифр ба пирӯзӣ расид.

Дар ин дидор Муҳаддисаи Зулфӣ се гол ва Фотима Юсуфӣ як гол барои Эрон ба самар расонданд.

Бито Муллоалиакбарӣ, Фотима Юсуфӣ, Зайнаби Шаъбонӣ, Кимиё Раҳимӣ, Марями Умедӣ, Ормито Муҳаммадхонӣ, Ғазали Муршидӣ, Илоҳа Афшордӯст, Муҳаддиса Зулфӣ, Севинҷ Сулаймонӣ ва Диана Наврӯзӣ - бозикунони Эрон дар ин бозӣ буданд.

Мақари аслии Иттиҳодияи Футболи Осиёи Марказӣ ё CAFA (Central Asian Football Association) шаҳри Тошканд аст ва ин иттиҳодия дар соли 2015 таъсис шудааст.  

 

 

Барчасп