Мусбат шудани тарози тиҷории Эрон дар як соли гузашта
(last modified Sat, 14 Sep 2019 09:42:28 GMT )
Сентябр 14, 2019 14:42 Asia/Dushanbe
  • Мусбат шудани тарози тиҷории Эрон дар як соли гузашта

Оморҳои гумруки Эрон нишон медиҳад, ки бо вуҷуди таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон, тарози тиҷорати хориҷии Эрон дар як соли гузашта мусбат будааст.

Равобити умумии гумруки Эрон рӯзи шанбе дар гузорише эълом кард, дар фосилаи замонии 23 августи 2018 то 22 августи 2019 арзиши воридоти колои Эрон 41 миллиарду 867 миллион доллар ва арзиши содироти Эрон дар ин муддат 42 миллиарду 881 миллион доллар будааст.

Ин гузориш меафзояд, тарози тиҷории мусбати Эрон ба беш аз як миллиард доллар расидааст.

Тарози тиҷорӣ (balance of trade) тафовут миёни арзиши пули воридот ва содирот дар тайи як давраи муайян гуфта мешавад, ки тарози тиҷории мусбат баёнгари ин аст, ки арзиши пули содироти як кишвар бештар аз воридоти он будааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон зайли БарҶом, кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.