Сентябр 14, 2019 20:21 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Ҳинд бар густариши ҳамкории низомӣ

Вазири дифои Ҳинд ва сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Деҳлии Нав бо ишора ба савобиқи дурахшони равобити таърихӣ ва дӯстонаи ду кишвар, бар густариши ҳамкориҳои Эрон ва Ҳинд дар заминаҳои дифоӣ таъкид карданд.

Алии Чаганӣ, сафири Эрон дар Ҳинд дар дидор бо Раҷанат Синх, вазири дифои нави ин кишвар дар хусуси роҳҳои тавсиаи ҳамкориҳои ду кишвар  табодули назар карданд.

Дар ин дидор вазири дифои Ҳинд аз пешниҳодҳои сафири Эрон барои иртиқои муносиботи дифоӣ, бавижа дар заминаҳои илмӣ-омӯзишӣ табодули таҷриба ва иттилоот дар заминаи муқобила бо терроризм, дуздии дарёӣ ва имдоду наҷот дар обҳои минтақаи Халиҷи Форс ва Уқёнуси Ҳинд ва табодули ҳайатҳо дар сатҳҳои мухталиф истиқбол кард.

 

Барчасп