Сентябр 16, 2019 12:47 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Эрон: Масоили минтақа бояд аз тариқи гуфтугӯ ҳаллу фасл шавад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, масоили минтақа бояд тавассути кишварҳои минтақа ва аз тариқи гуфтугӯ ҳаллу фасл шавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи якшанбе, пеш аз тарки Теҳрон ва азимат ба Анкара, барои ширкат дар иҷлоси сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия афзуд, ҳузури амрикоиҳо дар минтақа ғайриқонунӣ ва мудохилаҷӯёна аст ва он чӣ имрӯз дар минтақа рух медиҳад ва бисёре аз кишварҳои дунёро нигарон кардааст, тавтеаҳои Амрико дар минтақа аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба иқдомоти Арабистон ва Иморот дар Яман ва ҳимояти бархе кишварҳо аз мутаҷовизон ба ин кишвар афзуд, ҳимоят аз мутаҷовизон ба Яман мунҷар ба кушта шудани шумори зиёде аз мардуми бегуноҳ дар ин кишвар шудааст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин мубориза бо терроризм, дахолат накардани кишварҳои ҳомии терроризм дар оянда ва бозсозии Сурия, бозгашти оворагон, ислоҳи қонуни асосӣ ва интихоботи 2021-ро аз мавзӯоти мавриди баҳсу баррасии иҷлоси сеҷонибаи Туркия баршумурд.

Нишасти сарони се кишвари Эрон, Русия ва Туркия имрӯз, душанбе, 16 сентябр дар Анкара, пойтахти Туркия баргузор мешавад. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи иҷлоси Анкара бо Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисони ҷумҳурии Русия ва Туркия ҷудогона дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

 

Барчасп