Сентябр 24, 2016 11:39 Asia/Dushanbe
  • Занги оғози соли нави таҳсил дар Эрон садо дод

Ҳамзамон бо шурӯи фасли тирамоҳ соли нави таҳсил дар Эрон оғоз шуд ва мактабҳо дар саросари ин кишвар оғӯши худро ба рӯйи хонандагон боз карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, 13 миллиону 500 ҳазор талаба ва 970 ҳазор муаллими эронӣ сар аз имрӯз бори дигар дар синфҳо ҳузур ёфтанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамин муносибат бо ҳузур дар яке аз мактабҳои ҳамагонии Теҳрон занги оғози соли нави таҳсилро ба садо даровард. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин маросим талабагонро ояндасозони Эрон дониста гуфт, агар мактаб, ҷомеа, ҳукумат ва оила дар канори ҳам бошанд, оянда Эрон ба беҳтарин шакл сохта хоҳад шуд. Рӯҳонӣ дар идома мушкили бузурги минтақа ва ҷаҳонро хушунат эълом карда афзуд, мактабу синфҳои дарсӣ дар ҳамсокишварҳои Эрон, дар Ироқ, Сурия, Яман вайрон ва донишомӯзон ба хоку хун кашида шудаанд. Ӯ маҳрум кардани навҷавононро аз таҳсил, водоштани ононро ба кору рафторҳои хориҷ аз чорчӯби ахлоқи динию исломӣ навъе хушунат баршумурда гуфт, имрӯз бояд дар пайи ин мавзӯъ буд, ки чӣ гуна метавон хушунату таҳдидро аз муҳити иҷтимоӣ, ҷавонон, навҷавонон ва ояндаи кишварҳои минтақаву ҷаҳон дур кард.