Сентябр 18, 2019 11:12 Asia/Dushanbe
  • Солеҳӣ: Эрону Фаронса дар садади тадвини ҳамкориҳои илмӣ ҳастанд

Раиси Созмони энержии атомии Эрон сешанбешаб пас аз дидор бо Жак Франсуа, раиси Комиссияи энержии атомии Фаронса дар Вена гуфт: Эрон ва Фаронса дар садади Тадвини ҳамкориҳои илмӣ дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла "Гудохт" ва дигар масоили илмӣ дар низоми эминии ҳастаӣ ҳастанд.

Алиакбари  Солеҳӣ, бо баён ин, ки тафоҳумномаи ин ҳамкорӣ тадвин шуда ва Эрон назароти худро ба тозагӣ ба фаронсавиҳо инъикос додааст, гуфт: Париж  дар ҳоли кор рӯи тафоҳумнома аст ва агар тафоҳумномаи ҳамкории илмӣ ниҳоӣ шавад, имзо хоҳад шуд, ки як заминаи хубе барои ҳамкориро фароҳам мекунад.

Солеҳӣ дар идомаи иқдомоти барҷомии Эрон дар паи хурӯҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ, ваъдаҳои аврупоиҳо дар қолаби тааҳҳудоташон ишора кард ва изҳор дошт, коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон гоме дар ростои ҳифзи БАРҶОМ аст.

Олмон, Британия ва Фаронса баъд аз хурӯҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ ваъда доданд, бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон ин тавофуқро ҳифз кунанд.

Ин кишварҳо алорағми истодагии лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико, то кунун муваффақияте дар иқдомоти амале, ки ваъда дода буданд, барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.

 

 

Барчасп