Сентябр 18, 2019 15:39 Asia/Dushanbe
  • Дидори ҷамъе аз мавкибдорони ироқӣ бо Раҳбари муаззами инқилоб

Ҷамъе аз мавкибдорон ё роҳиёни ироқӣ, ки дар айёми Арбаини ҳусайнӣ (а) пазирои зоирони имом Ҳусайн алайҳиссалом ҳастанд, имрӯз (чаҳоршанбе) дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

20 сафари соли 1441-и ҳиҷрии қамарӣ (19 октябри 2019) Арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а), набераи бузургвори паёмбари Ислом – ҳазрати Муҳаммад (с) ва писари ҳазрати Алӣ (а) ва Фотимаи Заҳро (с) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст. Миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаини ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало, дар ҷануби Ироқ мешаванд. Бар асоси омори расмии манобеи ироқӣ, ҳудуди 14 миллион зоир дар пиёдаравии зиёрати Арбаини соли гузашта ширкат карданд.