Сентябр 18, 2019 16:10 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Роҳпаймоии Арбаин рӯз ба рӯз ҷаҳонитар хоҳад шуд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки роҳпаймоии Арбаин рӯз ба рӯз ҷаҳонитар хоҳад шуд, гуфтанд: Мантиқ ва паёми имом Ҳусайн (а) наҷотбахши дунё аз ҳокимияти ҷабҳаи куфр ва истикбор хоҳад буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар маросими такрим ва қадрдонӣ аз меҳмоннавозии мавкибдорони ироқӣ ва ходимони роҳпаймоии Арбаин, ин роҳпаймоиро мавзӯе беназир ва ҷаҳонӣ ва заминасози густариши маърифати ҳусайнӣ ва ташкили тамаддуни навини исломӣ хонданд ва таъкид карданд: Имом Ҳусайн (а) фақат мухтаси шиаён нест, балки мутааллиқ ба ҳамаи мазоҳиби исломӣ, аъам аз шиа ва суннӣ ва мутааллиқ ба инсоният аст ва ба ҳамин иллат ғайримусалмонон низ дар роҳпаймоии Арбаин ҳузур доранд. Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд, агар зарфиятҳои бешумори миллатҳои исломӣ дар ғарби Осиё ва шимоли Африқо ба якдигар пайванд бихуранд ва дар амал худро нишон диҳанд, он ҳангом маънии воқеии иззати илоҳӣ ва тамаддуни азими исломӣ барои ҷаҳониён ошкор хоҳад шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки ҷону дили ду миллати Эрон ва Ироқ ба якдигар муттасил аст, афзуданд: Душманон талоши зиёде барои эҷоди тафриқа миёни ду миллат анҷом доданд, аммо ба лутфи илоҳӣ натавонистанд ва аз ин пас ҳам нахоҳанд тавонист. Зеро омили аслии пайванддиҳандаи ду миллати Эрон ва Ироқ имон ба Худованди мутаол ва муҳаббати аҳли байт алайҳумуссалом ва ишқ ба имом Ҳусайн (а) аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ёдоварии чиҳил соли тавтеа ва таҳдиду таҳрими Амрико ва муздуронаш зидди миллати Эрон, хотирнишон карданд: Бо вуҷуди ҳамаи ин тавтеаҳо ва ба кӯрии чашми онҳо, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз як ниҳоли наҳиф, акнун ба як дарахти тановаре табдил шуда, ки самароту меваҳои он рӯз ба рӯз дар ҳоли густариш аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён бо ишора ба шиорҳои ҳуззор барои нобудии Амрико ва режими саҳюнистӣ таъкид карданд: Бо лутфу фазли илоҳӣ, ин шиорҳо дар ояндаи на чандон дур муҳаққақ ва уммати исломӣ бар душманони худ пирӯз хоҳад шуд.