Эрон: Иддаоҳои зиддиэронии Амрико дурӯғ аст
Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, иддаоҳои мақомоти Амрико мабнӣ бар нақши Эрон дар ҳамла ба таъсисоти нафтии “Арамко” –и Арабистон дурӯғи маҳз аст.
Вазорати умур хориҷаи Эрон дар ёдошти расмӣ ба сафорати Швейтсария дар Теҳрон (ҳофизи манофеи Амрико дар Эрон) бо маҳкум кардани иддаои давлати Амрико дар хусуси нақши Эрон дар ҳамла ба таъсисоти нафтии “Арамко” - и Арабистон изҳор дошт, Эрон нақше дар ин ҳамла надошта ва иддаоҳои Доналд трамп, раисҷумҳурӣ ва Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико кизб аст.
Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ҳушдор ба давлати Амрико таъкид кард, агар иқдоме зидди Эрон сурат бигирад, он иқдом билофосила бо посухи ҷумҳурии исломи рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва доманаи он маҳдуд ба маншаи таҳдид нахоҳад буд.
Ягони паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман рӯзи шанбе дар посух ба ҷиноёти эътилофи Саудӣ дар Яман бо 10 адад паҳподи бумӣ, полоишгоҳҳои “Буқайқ” ва “Хурайс” –и вобастаи ширкати миллии нафти Арабистон – “Арамко” - ро ҳадаф қарор дод.
Пас аз ин амалиёт Яҳё Ассареъ, сухангӯи Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе эълом кард, амалиёти мазкур дар чорчӯби ҳаққи табиӣ ва машрӯи яманиҳо дар посухгӯӣ ба ҷиноёти эътилофи мутаҷовиз ва муҳосираи панҷсолаи Яман сурат гирифтааст. Амрикоиҳо аммо бо такрор иддаоҳои беасос зидди Эрон муддаӣ шудаанд, Теҳрон пушти амалиёти паҳподии яманиҳо алайҳи таъсисоти нафтии Арабистони Саудӣ будааст.