Сентябр 18, 2019 19:51 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкории марзӣ байни Эрон ва Ироқ

Фармондеҳи марзбонии Нерӯи интизомии Эрон ва фармондеҳи марзбонии Ироқ дар Бағдод тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Бар асоси ин тафоҳумнома, ки тавассути сардори сартип Қосим Ризоӣ, фармондеҳи марзбонии Нерӯи интизомии Эрон ва сипаҳбуд Ҳомид Абдуллоҳ Иброҳим Ал-Ҳусайнӣ, фармондеҳи марзбонии Ироқ дар Бағдод имзо шуд, тамоми ҳамкориҳои марзии ду кишвар осон мешавад.

Сардори сартип Қосим Ризоӣ, фармондеҳи марзбонии Нерӯи интизомии Эрон дар ҳошияи имзои тафоҳумномаи марзӣ байни Эрон ва Ироқ гуфт, бар асоси ин тафоҳумнома, рӯзона 150 зоир аз марзи Хусравӣ дар ғарби Эрон тараддуд хоҳанд кард.

Сартип Ризоӣ ҳамчунин бо ишора ба ҳаштумин иҷлоси муштараки марзии фармондеҳони марзбонии Эрон ва Ироқ дар Бағдод афзуд, дар ин нишаст бар контроли марзҳо, иҷрои размоишҳои дарёӣ ва ҳамоҳангӣ бар тасҳили тараддуди зоирон дар айёми Арбаини ҳусайнӣ (а) таъкид шуд.

Иҷлоси чаҳоррӯзаи фармондеҳони марзбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ аз рӯзи душанбе бо ҳадафи ҳамоҳангии бештари марзбонони ду кишвар дар Бағдод оғоз шудааст.

20 сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ (19 октябри 2019) Арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст. Миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаини ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануб Ироқ мешаванд.

Бар асоси омори расмии манобеи ироқӣ, ҳудуди 14 миллион зоир дар пиёдаравии зиёрати Арбаини соли гузашта ширкат карданд.