Сентябр 19, 2019 16:57 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ: Эрон хостори таниш дар минтақа нест

Сухангӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки Ҷумҳурии Исломии Эрон хостори таниш дар минтақа нест, гуфт, Эрон ба андозаи кофӣ қудратманд ҳаст, ки агар коре анҷом диҳад, масъулияти онро ҳам бар ӯҳда бигирад.

Саидаббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи байналмилалии Ал Олам, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, бо ишора ба иттиҳомзании мақомоти Амрико мабни бар нақш доштани Эрон дар ҳамалот ба таъсисоти нафтии Оромкуи Арабистон гуфт, яке аз далоили ин иттиҳом, бовар надоштани тавони дифоии миллати мазлуми Яман аст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ҷинояти эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар ҳамла ба кӯдакони яманӣ дар бемористонҳо, мадорис ва сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ дар хусуси ин ҷиноятҳо, тасреҳ кард, миллати мазлуми Яман бояд бо ҳар василае аз худаш дифо, то мутаҷовизро мутаваққиф кунад.

Мусавӣ бо таъкид бар инки Ҷумҳурии Исломии Эрон, нуфузашро дар минтақа дар ҷиҳати масолеҳи мардум ва эҷоди субот ва амният дар минтақа ба кор мегирад, афзуд, заҳамоте, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои мубориза бо терроризм дар минтақа кашида ба нафъи ҳамаи кишварҳо дар минтақа ва ҷаҳон будааст.