Сентябр 19, 2019 18:01 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико ҳанӯз ҳам аз ӯҳдадории судури раводид худдорӣ мекунад

Вазири умури хориҷаи Эрон дар “Твитт”-е бо тозакор хондани ҳамтои амрикоияш, як дарси таърихиро ба ӯ ёдоварӣ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер” навишт: Мойк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико талош дорад бо тавассул ба таҳримҳои беҷо ва худмеҳваронаи Иёлоти муттаҳида, аз тааҳҳуд барои судури раводид барои ҳайатҳои ширкаткунанда дар Созмони Милали Муттаҳид худдорӣ мекунад

Зариф дар идома бо тозакор хондани ҳамтои амрикоияш навишт: Нелсон Мандела то соли 2008, яъне 15 сол пас аз дарёфти Ҷоизаи Нобел, ҳанӯз дар феҳрасти муроқибатҳои террористии Иёлоти муттаҳида буд.

Пеш аз ин манобеи хабарӣ гузориш додаанд, токунун раводиди ҳайати эронӣ, шомили раисиҷумҳур, вазири умури хориҷа ва ҳайати ҳамроҳ барои ширкат дар 74-умин Маҷмаи умумии Созмони Милал содир нашудааст.

Ба назар мерасад, эҳтимоли лағви ҳузури раисиҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дар Ню-Йорк вуҷуд дорад; Ин иқдоми Амрико хилофи муқаррароти СММ ва мувофиқатномаи мақар ва нақзи ҳуқуқи байналмилал аст.