Сентябр 21, 2019 10:10 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Таҳрими Бонки марказии Эрон нишондиҳандаи нотавонии Амрикост

Вазири умури хориҷаи Эрон таҳрими муҷаддади Бонки марказии ҷумҳурии исломӣ аз сӯи Амрикоро нишондиҳандаи аҷзу истисоли ин кишвар донист.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа дар ҷамъи хабарнигорон дар Кохи Сафед эълом кард, таҳримҳоеро зидди Бонки Марказӣ ва Сандуқи тавсеаи миллии Эрон ҷорӣ кардааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон шомгоҳи ҷумъа, замони вуруд ба Ню-Йорк дар ҷамъи хабарнигорон, бо баёни ин ки таҳрими муҷаддади Бонки марказии Эрон аз сӯи Амрико, нақзи тамоми тааҳҳудоти байналмилалӣ дар масунияти бонкҳои марказӣ аст, афзуд: Амрико вақте як муассисаро чанд бор бо ановини мухталиф таҳрим мекунад, нишондиҳандаи он аст, ки сиёсати фишори ҳаддиаксарии онон шикастхӯрда аст.

Зариф гуфт, Амрико бо таҳрими муҷаддади Бонки марказии Эрон мехоҳад монеи харидҳои байналмилалӣ ва расидани ғизову дору ба мардуми Эрон шавад.

Вазири  умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи эҳтимоли ҳузури Амрико дар камиссиюни муштараки БарҶом, ки рӯзи чаҳоршанбе баргузор хоҳад шуд, гуфт, чунин масъалае пешниҳод нашудааст, аммо барои ҳузури Амрико дар ин камиссиюн чӣ ба сурати меҳмону чӣ ба сурати узв, поён додан ба ҷанги иқтисодӣ зидди Эрон зарурӣ аст.

Зариф дар посух ба ин суол, ки оё иқдомоти Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса дар БарҶом натоиҷи мушаххасе хоҳад дошт, афзуд, Фаронса агар мехоҳад иқдоме анҷом диҳад, набояд аз дафтари контроли дороиҳои хориҷии Вазорати хазонадории Амрико (OFAC) иҷоза бигирад.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон дар бораи барномаҳои ҳайати эронӣ дар ҳафтодучаҳорумин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид низ гуфт, дар ҳошияи ин маҷмаъ бо вазирони хориҷии дигар кишварҳо, аз ҷумла аъзои боқимонда дар БарҶом дидору гуфтугӯ хоҳад шуд.