40 меҳмони хориҷӣ дар нишасти ҷаҳонии “Роҳи Абрешим” ширкат мекунанд
Ҳасани Муҳаммадӣ, дабири иҷроии иҷлоси “Роҳи Абрешим” гуфт, 40 меҳмони хориҷӣ аз 14 кишвари ҷаҳон барои ширкат дар нишастҳои иҷлоси ҷаҳонии “Роҳи Абрешим” ҳузур меёбанд.
Вай афзуд, иҷлоси ҷаҳонии “Роҳи Абрешим” 23 то 29 сентябр (якум то ҳафтуми меҳрмоҳ) дар Ҳамадон, дар ғарби Эрон баргузор мешавад.
Ҳасани Муҳаммадӣ рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо ИРНА изҳор дошт, ин меҳмонон аз кишварҳои Фаронса, Ӯзбакистон, Озарбойҷон, Чин, Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Бутан, Туркия , Швейтсария, Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Непал дар ин нишастҳо ҳузур хоҳанд ёфт.
Вай изофа кард, меҳмононе ҳам аз сарони созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО дар Ҳамадон ҳозир мешаванд ва дар бахшҳои мухталиф ба суханронӣ хоҳанд пардохт.
Мушовири шаҳрдори Ҳамадон бо ишора ба омодагии комили шаҳрдорӣ барои мизбонӣ аз ин рӯйдоди ҷаҳонӣ хотирнишон кард, дар ҳамин росто кумитаҳои нуҳгонаи иҷлос фаъоланд ва бо тамоми қувват корҳоро пайгирӣ мекунанд.
Муҳаммадӣ изофа кард, ин кумитаҳо шомили кумитаи илмӣ, пуштибонӣ, искону пазироӣ, таблиғоту фазосозии шаҳрӣ, итилоърасониву расона, иҷроӣ, ташрифот, ҳамлу нақл ва самъиву басарӣ ҳастанд.