Сентябр 21, 2019 13:31 Asia/Dushanbe
  • Ҷилавгирӣ аз вуруди 12 донишҷӯи эронӣ ба Амрико

Як рӯзномаи амрикоӣ эълом кард, давлати Амрико дар як моҳи ахир аз вуруди 12 донишҷӯи эронӣ ба Амрико мамониат кардааст.

Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” рӯзи шанбе дар гузорише навишт: Дастикам 12 донишҷӯи эронӣ, ки қарор буд барномаҳои таҳсилоти такмилии худро дар риштаҳои муҳандисӣ ва улуми компютер дар соли таҳсилии ҷадид шуруъ кунанд, раводиди онон ба таври ногаҳонӣ лағв ва аз парвози онҳо ба Амрико ҷилавгирӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷаи Амрико бо радди гузориши “Ню-Йорк Таймс” иддао кард, ҳеч тағйире дар сиёсати Амрико ба вуҷуд наомадаву бештари донишҷӯёни хориҷӣ дар соли таҳсилии ҷадид қасди идомаи таҳсил дар мадориси Донишгоҳи Калифорнияро доранд.

Бо ин ҳол, донишҷӯёне, ки бештари онҳо роҳии Донишгоҳи Калифорнияи Амрико шуда будаанд, гуфтанд, раводиди онҳо бидуни ҳеч гӯна иттилоияву тавзеҳе дар охирин лаҳза ботил шуд.

Вашингтон баъд аз хуруҷ аз БарҶом дар ростои сиёсате мавсум ба “фишори ҳаддиаксарӣ”,  ба иқдомоте таҳрикомез алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯй овардааст.

 

 

 

 

 

 

Барчасп