Сентябр 22, 2019 10:43 Asia/Dushanbe
  • Волейболистҳои Эрон қаҳрамони Осиё шуданд

Дастаи миллии волейболи Эрон бо пирӯзии муқтадирона муқобили Австралия қаҳрамони Осиё шуд

 Ба гузориши Садои Хуросон,дастаи миллии волейболи Эрон дар дидори ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба дидори Австралия рафт ва бо натиҷаи се бар сифр ба пирӯзӣ расид .

 Се қисми ин бозӣ бо имтиёзоти 25 бар 14 , 25 бар 17 ва 25 бар 21 ба суди Эрон рақам хурд .

Дастаи миллии волейболи Эрон дар марҳалаи муқаддамотии ин мусобиқот муқобили Австралия шикаст хурда буд, аммо Австралия то пеш аз финал , ҳамаи ҳафт бозии худро бо пирӯзӣ пушти сар гузошта буд .

Мусобиқоти волейболи қаҳрамонии Осиё аз як ҳафтаи пеш дар Теҳрон оғоз шуда буд ва рӯзи гузашта поён ёфт.