Сентябр 22, 2019 14:19 Asia/Dushanbe
  •  Зариф:Оғозгари ҷанг дар минтақа  поёндиҳандаи он нахоҳад буд

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо интиқод аз таҳаррукоти низомиву сиёсии Амрико дар халиҷи Форс гуфт : Амрико бояд бидонад ки оғозгари ҷанг дар минтақа поёндиҳандаи он нахоҳад буд .

Ба гузориши Садоии Хуросон,   Муҳамадҷаводи Зариф ки барои ширкат дар нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллал ба Нию-Йорк сафар карда аст, рӯзи шанбе дар гуфтўгў  бо шабакаи хабарии СБС гуфт : Амрико бо афзоиши фаъолиятҳои низомӣ ва мавзеъгирии номуносиби сиёсӣ , суботу амнияти ғарби Осиёро ба хатар андохта аст ва минтақаро ба сӯии ҷанг тела медиҳад .

 Вазири умӯри хориҷаи Эрон бо радди иддаои  сулҳталабии Амрико дар ғарби Осиё гуфт : Тасмими нави ин кишвар барои сафарбарии нерӯ ва таҷҳизоти низомии бештар ба Арабистон , нишонгари тазод дар гуфтору амали масъулони Кохи сафед аст .

 Зариф талоши воқеии Амрико ва Арабистон барои поён додан ба ҷанги Яманро яке аз роҳҳои тақвияти сулҳ дар ғарби Осиё донисту афзуд : Амрикову ҳамдастони минтақаии он бо таҳдиду фишор наметавонанд ба аҳдофи қудратталабонаи худ даст  ёбанд

 

Барчасп