Руҳонӣ : Шикофи миллатҳои минтақа , хостаи Амрико ва саҳюнизм аст
Раисҷумҳури Эрон шикоф миёни миллатҳои минтақаро хостаи Амрико ва саҳюнизм донисту таъкид кард : Мантиқи Эрон амнияти дарунзо барои халиҷи Форс ва тангии Ҳурмуз аст ва ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин минтақа метавонад мушкилофарин бошад .
Ба гузориши Садои Хуросон ,Ҳасани Руҳонӣ-раисҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе дар маросими гиромидошти ҳафтаи дифои муқаддас бо таъкид бар инки « бо иқтидори нерӯҳои мусаллаҳу миллати бузург , душман ҷуръати таҷовуз ба Эрони исломиро нахоҳад дошт » афзуд : Мардуми Эрон бо ваҳдат , истодагӣ ва якпорчагӣ аз Шарқу Ғарб ва силоҳҳои онҳо натарсиданд ва дар баробари пули иртиҷоъи араб низ таслим нашуданд .
Руҳонӣ бо баёни инки қудратҳои истикборӣ дар сарварии онҳо-Амрико ҳамвора ноамнӣ , бадбахтӣ , мушкилоту тороҷи манофеъи кишварҳои минтақаро дунбол карданд, гуфт: Ҳузури амрикоиҳо дар Афғонистон , Ироқ , халиҷи Форс ва ҳар нуқтае дар минтақа , ҳамвора муҷиби ноамнӣ шуда аст .
Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар инки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамвора амниятро барои минтақа ба армуғон овардаанд тасреҳ кард : Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон агар дар канори мардуми Ироқ , Сурия , Фаластину Лубнон қарор гирифтанд , барои ин сарзаминҳо амният овардаанд ва тавонистанд террористҳои ваҳширо решакан кунанд ва ин фарқи Эрон бо Амрико ва ҳампаймононаш дар минтақа аст .
Руҳонӣ бо эъломи омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар ин марҳилаи ҳассосу торихӣ таъкид кард : Эрон омода аст аз хатоҳои гузаштаи бархе кишварҳо дар минтақа бигузарад , зеро душманони минтақа бавижа Амрико ва истикбору саҳюнизм ба дунболи суиистифода аз шикоф , фосила ва ихтилофи миёни кишварҳои минтақа ҳастанд .