Сентябр 22, 2019 17:06 Asia/Dushanbe
  • Сардор Фадавӣ: Лаффозиҳои бархе кишварҳои минтақа қобили эътино нест

Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба иттиҳомзании бархе кишварҳои минтақа ба Эрон таъкид кард: Лаффозиҳои бархе кишварҳои минтақа қобили эътино нест ва Эрон ба онҳо таваҷҷӯҳ намекунад.

Сардор Алии Фадавӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар ҳошияи режаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Бандараббос (ҷануби Эрон) бо таъкид бар ин, ки Эрон барои иттиҳоди кишварҳои исломӣ талош мекунад афзуд: Кишварҳои исломӣ набояд таҳти султаи ғарбиҳо бошанд.

Сардор Фадавӣ бо баёни ин, ки Амрико дар дарё дар баробари нерӯҳои мусаллаҳи Эро изҳори аҷз ва нотавонӣ мекунад, тасреҳ кард: Иқдом накардан ва хештандории низоми исломӣ дар баробари иқдомҳои хасмонаи Амрико бар асари риволи исломӣ аст.

Ҳамзамон бо нахустин рӯз аз ҳафтаи дифои муқаддас, маросими режаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон субҳи имрӯз (якшанбе) дар саросари кишвар баргузор шуд. Имрӯз 22-юми сентябр мусодиф бо солрӯзи шурӯи ҷанги таҳмилии режими Баъси Ироқ бо Ҷумҳурии исломии Эрон аст.