Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон душанбе озими Ню-Йорк мешавад
(last modified Sun, 22 Sep 2019 12:57:50 GMT )
Сентябр 22, 2019 17:57 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон душанбе озими Ню-Йорк  мешавад

Раиси Ҷумҳурии исломи Эрон барои ширкат дар ҳафтоду чорумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милал, фардо (душанбе) ба Ню-Йорк сафар мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Парвизи Исмоилӣ, муовини иртиботот ва иттилоърасонии дафтари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе гуфт: Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин сафар илова бар суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал, бо мудирони аршад ва нухбагони расонии ҳозир дар Ню-Йорк ва ҷамъе аз нухбагони сиёсати хориҷии Амрико низ дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Исмоилӣ ҳамчунин аз мусоҳибаи ихтисосии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо бархе расонаҳои байналмилалӣ ва баргузории конфронси хабарии умумӣ дар интиҳои сафар хабар дод ва афзуд: Рӯҳонӣ дар сафар ба мақарри Созмони Милал, бо теъдоде аз сарони кишварҳои ҳозир дар Маҷмаи умумӣ, дабири кулли Созмони Милал ва эҳтимолан бархе руасои созмонҳои байналмилалӣ низ дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз (якшанбе) дар маросими режаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба муносибати ҳафтаи дифои муқаддас бо баёни ин, ки имсол дар Созмони Милали Муттаҳид бо шиори "Эътилофи умед" ва "Ибтикори сулҳи Ҳурмуз" ҳузур хоҳад ёфт, таъкид кард: Эрон бо ҳамкории кишварҳои минтақа метавонад амнияти Халиҷи Форс ва дарёи Хазарро таъмин кунад.