Занги соли таҳсилии ҷадид дар Эрон навохта шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i46948-Занги_соли_таҳсилии_ҷадид_дар_Эрон_навохта_шуд
Мадорис (мактабҳо) -и саросари Эрон имрӯз, душанбе, ҳамзамон бо нахустин рӯзи фасли пойиз бозкушоӣ ва соли таҳсилии ҷадид дар ин кишвар оғоз шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 23, 2019 10:59 Asia/Dushanbe
  • Занги соли таҳсилии ҷадид дар Эрон навохта шуд

Мадорис (мактабҳо) -и саросари Эрон имрӯз, душанбе, ҳамзамон бо нахустин рӯзи фасли пойиз бозкушоӣ ва соли таҳсилии ҷадид дар ин кишвар оғоз шуд.

14 миллиону 600 ҳазор донишомӯзи эронӣ дар зинаҳои мухталиф субҳи имрӯз соли таҳсилии навро оғоз карданд. 

Теъдоди донишомӯзони ибтидоии имсол дар Эрон 2 дарсад афзоиш ёфтааст. 

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузур дар мадрасаи духтаронае дар Теҳрон, занги оғози соли таҳсилии ҷадидро навохт. 

Рӯҳонӣ пас аз навохтани рамзии занги оғози соли таҳсилии ҷадид дар Эрон, дар ҷамъи донишомӯзон ва масъулони омӯзиш ва парвариш гуфт, оғози моҳи меҳр ба унвони иди Наврӯзи илму дониш, таҳқиқ ва ҳаракат дар масири пешрафт ва тавсеа аст. 

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд, талоши мо ба унвони давлат ва ҳамчунин Вазорати омӯзиш ва парвариш ва бахшҳои мудириятӣ ва омӯзишӣ ин аст, ки ҳама битавонанд омодаи кор бошанд ва макони тадрису дарс, яъне мадраса омода бошанд.