Нашрияи амрикоӣ: Роҳбурди Эрон дар баробари Амрико ҷавоб додааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i46949-Нашрияи_амрикоӣ_Роҳбурди_Эрон_дар_баробари_Амрико_ҷавоб_додааст
Нашрияи амрикоии "Нешнл Интерест" навишт: Ҷумҳурии исломии Эрон ба раиси ҷумҳурии Амрико нишон додааст, ки қасд надорад ҳеч кадом аз дархостҳои Вашингтонро пазирад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 23, 2019 07:50 Asia/Dushanbe
  • Нашрияи амрикоӣ: Роҳбурди Эрон дар баробари Амрико ҷавоб додааст

Нашрияи амрикоии "Нешнл Интерест" навишт: Ҷумҳурии исломии Эрон ба раиси ҷумҳурии Амрико нишон додааст, ки қасд надорад ҳеч кадом аз дархостҳои Вашингтонро пазирад.

Нашрияи амрикоии "Нешнл Интерест" дар гузорише, роҳбурди Эрон барои муқобила бо Амрикоро бисёр коромад хонд ва навишт: Тасаввури Кохи Сафед дар мавриди Эрон иштибоҳ буд ва таҳримҳои Амрико ба натиҷа нарасид. 

Дар ин гузориш омадааст, барномаҳои иқтисодии Бонки Марказии Эрон бо муваффақият ба натиҷа расидааст. 

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар тозатарин иқдоми душманона ва зиддиэронии худ Сандуқи тавсеаи миллии Эрон ва ширкати Эътимоди тиҷорати Порсро таҳрим кардааст. 

Доналд Трамп моҳи майи 2018 дар иқдоме ғайриқонунӣ бо хориҷ кардани Амрико аз тавофуқи ҳастаии Эрон, таҳримҳоро алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бозгардонд.