Сентябр 23, 2019 15:48 Asia/Dushanbe
  • Сафари Рӯҳонӣ ба Ню-Йорк; интизорот аз Маҷмаи умумии СММ

Сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Ню-Йорк барои ширкат дар ҳафтодучаҳорумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз имрӯз, душанбе оғоз мешавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин сафар илова бар суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал, бо шуморе аз сарони кишварҳои ҳозир дар Маҷмаи умумӣ ва нухбагони сиёсӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Сафари Рӯҳонӣ ба Ню-Йорк аз оғоз бо чолишҳое, ки Амрико саъй кард бар сари роҳи ин сафар эҷод кунад, ба мавзӯе баҳсбарангез бадал шуд. То ҷое ки ҳатто гузинаи лағви ин сафар аз ҷониби Эрон низ матраҳ шуд. Аммо акнун ки ин сафар анҷом шуда, ҳамаи нигоҳҳо маътуф ба интизорот аз ҳузури раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маҷмаи умумии Созмони Милал шудааст.

Амрико акнун дар ҳоли эъмоли шадидтарин таҳримҳо алайҳи Эрон асту интизороти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз СММ дар ҷиҳати мухолифати ҷиддӣ бо ин таҳримҳо, ки нақзи ошкори қатъномаи Созмони Милал аст, ҳанӯз ба дурустӣ посух дода нашудаву ин мавзуъ қобили нақд аст.

Сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Амрико дар минтақа низ танҳо натиҷааш эҷоди бесуботӣ дар минтақаи халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз будааст.

Ҳузури раиси ҷумҳурии Эрон дар Маҷмаи умумии СММ аз ин дидгоҳ метавонад фурсате барои ба чолиш кашондани иқдомоти фароқонунии Трамп дар ҷомеаи байналмилалӣ бошад. Ҳарчанд, ки таҷрибаи нишастҳои қабл дар ин замина нишон медиҳад, минбари Маҷмаи умумии СММ лузуман наметавонад ҷойгоҳи мустақиле дар инъикоси ҳамаи воқеъиятҳои ҷаҳонӣ дошта бошад.

Бо ин ҳол, дидорҳои дипломатӣ ва гуфтугӯҳои расонаӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумӣ ва музокироти ҳайатҳои сиёсии кишварҳои мухталиф дар ин фурсати ҷаҳонӣ метавонад бистари муносибе барои баёни мавозеи ҳақталабона эҷод кунад.

Маҳдии Зокириён, коршиноси аршади масоили байналмилал дар баёни фазои нишасти Маҷмаи умумии СММ дар соли ҷорӣ мегуяд: “Масъалаи бисёр муҳим дар мавриди нишасти Маҷмаи умумии СММ ин аст ки асосан то ба имрӯз ҳеч гоҳ надида будем, ки ҷойгоҳи Созмони Милал то ба ин ҳад дар дунё таназзул пайдо кунад. Воқеият ин аст, ки Созмони Милал беш аз як сол аст, ки дар ҳошия қарор гирифтаву ба анвоу ақсоми мухталиф аз сӯи Иёлоти Муттаҳида мавриди иҳонату тамасхур воқеъ шудааст. Ин раванд маҳсули иқомати сесолаи Трамп дар Кохи Сафед аст ва рӯз ба рӯз шоҳиди коҳиши эътибори Созмони Милал дар миқёси байналмилалӣ ҳастем”.

Кишварҳои ширкаткунанда дар Маҷмаи умумии СММ масоили зиёдеро метавонанд ба баҳсу гуфтугӯ бигзоранд. Имрӯз иқтисоди ҷаҳонӣ дар маърази таҳдидҳое ҳамчун таҳримҳои фароқонунӣ қарор дорад ва таҳрим ба абзоре барои “тероризми иқтисодӣ” табдил шудааст. Дар муқобили ин таҳдидҳо набояд сукут ихтиёр кард. Зеро ки идомаи он метавонад хуруҷии бисёр хатарнокеро ба ҳамроҳ дошта бошад. Якҷониба‌гароии Амрико ба ҳадде расида, ки ҳатто қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумии СММ мавриди беэътиноӣ ва нақзи ошкор аз сӯйи Вашингтон қарор гирифтааст.

Ин иқдомот на танҳо ба маънои суқути моҳияти сулҳ аст, балки ҷойгоҳи Созмони Милали Муттаҳидро ба пойинтарин сатҳ расондааст. Дар мавзӯи амният низ Амрико ҳеч гоҳ ба дунболи сулҳи ҷаҳонӣ ва амнияти пойдор дар минтақа набудааст. Дар воқеъ рафторҳои якҷонибаи Амрико сабаби тазъифи нақши Маҷмаи умумии СММ ба унвони яке аз аслитарин намодҳои чандҷонибагароӣ шудааст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузур дар нишасти Маҷмаи умумии СММ мусаммам аст ба баёни мавозеи равшани Эрон дар бораи ин мавзӯот, ба вижа масъалаи сулҳу амнияти ҷаҳонӣ бипардозад.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар маросими режаи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба муносибати Ҳафтаи Дифои Муқаддас бо баёни ин ки имсол дар Созмони Милали Муттаҳид бо шиори “Эътилофи умед” ва “Ибтикори сулҳи Ҳурмуз” ҳузур хоҳад ёфт, таъкид кард, Эрон бо ҳамкории кишварҳои минтақа метавонад амнияти халиҷи Форс ва дарёи Уммонро таъмин кунад.