Сентябр 24, 2019 13:43 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори иҷлоси ҷаҳонии «Роҳи абрешим»

Иҷлоси ҷаҳонии «роҳи абрешим » дар Ҳамадон оғоз ба кор кард .

 Иҷлоси ҷаҳонии «роҳи абрешим» бо ҳузури Мансури Ғуломӣ-вазири улум ва таҳқиқоту фанноварӣ, меҳмонони хориҷӣ аз кишварҳои Фаронса , Узбакистон , Озарбойҷон , Чин , Русия , Кореяи ҷанубӣ , Ҷопон , Бутон , Туркия , Швейтсария , Қирғизистон , Тоҷикистон , Қазоқистон ва Непал дар Ҳамадон оғоз ба кор кард .

 Мудири кулли мероси фарҳангӣ , саноеъи дастӣ ва гардишгарии устони Ҳамадон гуфт : Иҷлоси ҷаҳонии « роҳи абрешим » дар тавсеъаи гардишгарии Эрону шаҳри торихии Ҳамадон муассир хоҳад буд .

 Ба гузориши Садои Хуросон ва ба нақл аз кумитаи итилоърасонии иҷлоси байналмиллалии « Роҳи абрешим »، Алии Молмир мавзӯи иртибототро аз заруратҳои торихи башар унвон карду афзуд : Тамаддунҳои мухталиф ба манзури таъмини ниёзҳои иқтисодӣ ва таъомулоти фарҳангии худ аз ҷодае истифода мекарданд, ки ба далели собиқаи тӯлонӣ дар мубодилаи абрешим ба « ҷодаи абрешим » маъруф шуд .

 Вай бо баёни инки ҷодаи абрешим аз шарқи Осиё то баҳри Миёназамин пеш рафтаву Эрон низ ба далели мавқеъияти ҷуғрофиёии худ дар дили ин ҷода ҷой дорад , изофа кард : Ҳамадон бо собиқаи тамаддуну торихи чандҳазорсола дар мубодилаи колову фарҳанги « ҷодаи абрешим » нақши муҳимме дошта аст .

 Мудири кулли мероси фарҳангӣ , саноеъи дастӣ ва гардишгарии устони Ҳамадон бо ишора ба баргузории иҷлоси ҷаҳонии « роҳи абрешим » барои нахустин бор дар Эрон ва ба мизбонии Ҳамадон баён кард : Шашумин нишасти ҷаҳонии « роҳи абрешим » бо мавзӯи пайгирии сабти занҷираи ин ҷода тавассути кишварҳои мухталиф , баррасии нишастҳои қаблии гуфтугўи адён дар Ҳамадон дар ҳоли баргузорӣ аст .

 Вай баргузории иҷлоси ҷаҳонии « роҳи абрешим »ро дар тавсеъаи гардишгарии Эрону Ҳамадон муассир донисту бо баёни инки гуногунии фарҳангҳо ва одобу суннати кишварҳои ҳошияи « ҷодаи абрешим » ба ҷаззобияти торихии ин ҷода афзӯда аст , изофа кард : роҳи абрешим ба далели пешинаи тулонӣ ва убур аз кишварҳои мухталиф яке аз ҷозибаҳои гардишгарии дунё ба шумор меравад .